ГУЛИ ХАЙРӢ

Растании алафии бисёрсола, баландии тана то 1- 1,5 м, решаи ғавс, шохаҳояш рости кабут. Гули хайрӣ дар водихо, доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо вомехӯрад. Дар таҷриба асосан реша ва барги ин растаниро истифода мебаранд. Дар тиб барои дарди меда, рӯда, шамолхӯрӣ, истихроҷи балғам, роҳҳои нафаскаши истифода мебаранд.

ОСМОНГУЛАК

Растании яксола, баландиаш то 80 см мерасад.Дар мохи май то август гул мекунад. Растании алафии харҷосабз хисоб мешавад. Барои муолича гулашро истифода мебаранд. Дар тиб хамчун талхабарор, пешоббарор. зидди микроб ва барои дарди ҷигар ва талхадон истифода мебаранд. Дар холати оддӣ 20 г. гули хушккардашударо гирифта, ба 1 стакон оби чӯш меандозанд ва 15 дақиқа дар оташи паст меҷӯшонанд. Пас аз он такшон карда. ба андозаи 2 қошуқи ошӣ 3 бор дар як рӯз истифода мебаранд.

НАРДСУМБУЛ, СУНБУЛАТИБ

Растании бисёрсола, қади он то 1,5 метр мерасад. Асосан дар лаби чӯйборхо баъзан дар ҷойхои хушкӣ месабзад. Қисми доругиион асосан реша мебошад. Аз ин растанӣ дорухои оромкунандаи асаб. невроз, бемории дил, тарсу ваҳм тайёр мекунанд. Барои тайёр кардани дору 10 г. решаи хушккардаро ба 200мл об хамро карда, дар оташи паст 15 дақиқа меҷӯшонанд. Пас хунук ва такшин карда. бо андозаи 1 кошуқи ошӣ 3-4 бор дар як рӯз истифода мебаранд.

ЗИРК

Растании бутагии сершох, дарозиаш то 1,5-2,0 метр, шохчахояш хордор. Зирк дар дарахои Қаратоғ.Варзоб, ва кӯххои Фон, хусусан дар гирду атрофи Искандаркул вомехӯрад. Барои муолиҷа асосан реша, барг, ва мевахояшро истифода мебаранд. Нушобаашро барои касалихои ҷигар. шошадон. талха, сил. дарди меда, дар вақти бемории зарпарвин истифода мебаранд. Тарзи истифода: махлули оби ҷӯшонида ё дар дохили зарф дамкардаи баргхои меваашро 20 – 40 чакрагӣ истеъмол мекунанд.

ДУЛОНА

Растании буттагӣ ё дарахтӣ то 5 м баландӣ дорад. Баргхояш думчадор, гулҳояш сафед. Меваҳояш дарфасли тирамох мепазанд. Дулона асосан дар доманакӯҳҳо, талу тепахо месабзад. Барои муолиҷа гул ва меваашро истифода мебаранд. Дорухои аз ашёи дулонатайёршударо барои беморихои атеросклероз, гепертония ҳамчун маводиоромкунанда истифода мебаранд. Дар вакти пурсамар истифодабарӣ фойдабахш аст.Экстратро аз мевааш тайёр мекунанд. Тарзи истифода: 30-40 дакиқа то истеъмоли хӯрок. 30-40 чакра 3-4 бор дар як рӯз.

ЧОЙКАҲАК

Растании бисёрсола, то 60 см қад мекунад.Гулхои зард дошта, дар сипари гулдон ҷойгир аст. Дар моххои июл то август гул мекунад. Бисёртар дар дашту теппахо, доманакӯххо месабзад. Барои доругӣ қисми болоии гулҳо бо пояҳош истифода мебаранд. Дар вакти гулкунӣ растаниро ҷаоварӣ мекунанд. Дар тиб барои системаи асаб, захм, дарди рӯдаи ғавс истифода мебаранд. Чойкаҳак хамчун антибактериалӣ мебошад. Ҳачун чой дам карда менӯшанд.

КОКУТИ

Растании бисёрсола решарони шохчадор, ба замин хобида қадаш то 60 см мерасад. Дар моҳи июл – сентябр гул мекунад. Кокутӣ дар шароитхои нимсавана дар бандхои сералаф, субалпикӣ дар байни алафзорхои гуногун, дар таги арчазор, бодомзор, чормағзор месабзад. Барои доругӣ қисмхои баргу гулро исьтфода мебаранд. Дар вақти гулкунӣ чаоварӣ мекнанд. Дар тиб барои кори меда, узвҳои ҳозима, ҳамчун барои истихроҷи балғам, пешобдавон истифода мебаранд. Ҳамчун чой истифода бурда мешавад.

ЗАРБЕХ

Растании бисёрсолаи решахои ғавси тилоранг дошта, гулхояш ранги биринҷӣ ё зардчатоби лимонӣ мебошад. Таъми равғании талхтоби тумчкунанда дорад. Зарбех дар баландкӯххо дар баландии 2500 – 3500 м аз сатҳи бахр месабзад. Барои доругй реша, гул ва кисман танаашро истифода мебаранд. Дар тиб барои мустаҳкам кардани бадан, касалихои асаб. меда истифода мебаранд. Истифодаи он танҳо бо иҷозати духтур.

АЛАФИ ГАЗАНГДА

Растании бисёрсола, бо рсшаҳои калони дар рӯи замин хазида месабзад. Пояаш чоркунҷа, то 1,5 м қад мекашад.Ҳамчун растании ёбоӣ. бегона дар хама чойхо месабзад. Дар нимаи мохи июн то тирамох гул мекунад. Дар тиб барои давои хуншахкунӣ, пешобдавон. табларза истифода мебаранд.

БОДОМ

Дарахти на он кадар калони баргхояш борики эластикӣ. дар талу теппахо, кири адир, доманакӯҳҳо ва дар ҷойҳои хушкӣ месабзад. Барои доругӣ мағзи бодомро истифода мебаранд. Дар тибби халкӣ бодомро барои бемориҳои меда, рӯда истифода мебаранд. Равғани бодомро барои доғравонии рӯй, дарди шикамравӣ истифода мебаранд.

БАРГИ ЗУЛФ

Растании алафии бисёрсола аз 40 – 45 см кад мекашад. Барои доругй асосан барги зулф ро истифода мебаранд. Барги зулф дар ҳамаи минтакаҳои Тоҷикистон дар замини кишт, лаби ҷӯйборхо, ба ғайр аз Помири Шаркӣ вомехӯрад. Дар тиб препаратҳое, ки аз барг тайёр мекунанд барои гастрит, дарди меда ва рӯда истифода мебаранд.Дар тибби халқӣ барои захм, сӯхтагӣ, шикастани устухон, хунравӣ, истифода мебаранд.

ЛУПАНАК

Растании бисёрсолаи алафӣ. Ранги гули он зарди баланд. дар сабадча ҷойгир аст. Дар моҳи август гул мекунад. Асосан дар талу теппахо. доманакӯҳҳо, қад-қади рох месабзад.Барои доругӣ кисми гулхояшро истифода мебаранд. Дар фасли гул кардан ҷамъоварӣ мекунанд. Дар тиб қиёми лупанакро барои дарди талха. кирми гиҷа. инчунин барои шамолзанӣ истифода мебаранд.Бисёртар дар тиб барои нест кардани кирми аскарида, гиҷа истифода мебаранд. Махлул: 1 кисм лупана бо 10 қисм обро ҷушонида, киём тайёр мекунанд.

ТАТУМ

Растании бисёрсолаи буттагӣ, то 3 м кад мекашад.Баргҳояш паиҳам аррамонанд. Гулхояш майдаи кабутча, дар моххои июн – июл мешкуфад, мевахояш дар мохи сентябр мепазад.Дар чои кушоди хушк. сангзамини карбонатӣ, кираи кӯх месабзад.Дар Тоҷикистон дар дарахои Ромит ва Қаратоғ бисёртар вомехӯрад. Барои доругӣ барг ва мевахояшро истифода мебаранд. Дар тиб баргашро барои сӯхтаи захм, яра, пӯсиш, экзема, моличаи дахон. шустани меда, захролудшавӣ аз шароб истифода мебаранд. Мевахояшро барои касалии ҷигар ва талхадон истифо мебаранд.

ХОРГУЛ ХУЧ

Растании бисёрсолаи буттагй, то 2,5 м қад мекашад. Дар мохи май гул карда. мевахояш дар мохи сентябр – октябр мепазад. Дар тамоми минтакахо месабзад. Қисми доругии ин растанӣ асосан мева ва решаашро истифода мебаранд. Хуч дар таркиби худ бисёр витаминххо дорад: С, К. В2, Р. Е. Асосан витамин С бисёртар ба назар мерасад. Дар тибби халқӣ дар муолиҷаи цинга, туберкулёзи шуш, захми меда, талха, ҷигар истифода мебаранд. Аз меваи пухтарасида препарати Холосас тайёр мекунанд, ки онро барои моличаи ҷигар ва талха истеъмол мекунанд.

МАВРАКИ ШИФОБАХШ

Растании нимбутагии бисёрсола, баргхояш муякҳои зич дорад. Дар моххои июн – июл гул мекунад. Дар минтакахои кисми мобайни кӯх, дар ҷойхои санглок месабзад. Барои доругӣ баргхояшро истифода мебаранд. Дар як сол 2-3 маротиба баргҳояшро ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Якумин бор дар вакти гулкунӣ, дуюм ва сеюм дар фасли тирамох. Дар тибби халқӣ асосан аз баргхояш чой карда барои касалии дил, киёми решаро барои дизинфексия. шамолкашии узувхо. милки дандон, гулӯ, узувҳои нафаскашӣ истифода мебаранд. Барои дахонро обгардон кардан 20 г мавраки хушк кардаро гирифта, ба 1 стакон об андохта. 40 дакика дар оташи паст меҷӯшонанд. Пас такшон карда, истифода мебаранд.

ШИРИНБУЯ

Растании бисёрсолаи буттагии алафӣ, то 60 – 1,0 м қад дорад. Решахои бокуввати калонаш то 5 м ба чуқурии замин медарояд. Решаҳо аз берун ранги ҷигарӣ аз дарун ранги зарчатоб дорад, бисёр хам ширин мебошад. Баргҳо ноҷуфти пармонанд аз 5 то 20 см дарозӣ доранд. Гулхо ранги бунафша, дар шакли ҷамоврдаи кушод, буттаи он то 5 – 12 см мерасад. Мевааш дарозрӯя, лӯбиёгии кушоданашаванда. Дар мохи май – июн гул карда, дар мохи июл – сентябр мевадор мешавад. Ширинбуя дар водихо талу теппахо, биёбонхо. лаби ҷӯйбору захбурҳо месабзад. Барои доругӣ решаро истифода мебаранд.
Дар тибби халқӣ решаи ширинбуяро барои дардмандии роххои нафаскашӣ истифода мебаранд. Дар сохаи тиб барои захми меда, истихроҷи балғам, хамчун пешгирии илтихоб (шамолкаши) ва ҳаргуна илтихобро пешгирӣ мекунад. Баро ин 15 г решаи майда кардашударо ба 200 мл об андохта, дар оташи паст 15 дакика меҷӯшонанд. такшон ва хунук карда. 1 қошуқӣ 4-5 маротиба дар як рӯз истеъмол мекунанд.