Эмомалӣ Раҳмон: «Сари Хосор барои рушди кишоварзӣ, пеш аз ҳама, картошкапарварӣ, боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ имкониятҳои ниҳоят васеъ дорад»

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон изҳор доштанд, ки барои рушд додани саноати дорусозӣ дар кишвар мавзеъи Сари Хосор метавонад тақрибан аз 300 номгӯй растаниву гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла навъҳои гуногуни маводи зарурӣ омода ва барои коркарди минбаъда пешниҳод намояд. Сарвари давлат роҳбарону мутахассисони ноҳия ва сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки бо мақсади ҳифзи захираҳои ҷангал ва нигоҳ доштани табиати зебои ин диёр, аз ҷумла олами набототу ҳайвонот ба масъалаҳои зиёд кардани майдони ҷангалзор, нигоҳубини онҳо ва муҳайё намудани шароит барои захираи сӯзишворӣ – ангишт ва газ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Илова бар ин, Президенти мамлакат таъкид сохтанд, ки мавзеъи Сари Хосор барои рушди кишоварзӣ, пеш аз ҳама, картошкапарварӣ, боғдорӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ имкониятҳои ниҳоят васеъ дорад ва зарур аст, ки аз онҳо, яъне аз шароити муҳайёкардаи табиат ҳарчи бештару пурра истифода карда шавад.

«Мо чанд лаҳза пеш ба хотири ободонии деҳоти Сари Хосор санги асоси бунёди 20 иншооти хизматрасониву иҷтимоӣ ва неругоҳҳои барқи обии хурдро гузошта, бинои нави таваллудхонаро ифтитоҳ кардем. Яъне дар муддати ду-се соли оянда дар як қатор деҳаҳои Сари Хосор меҳмонхонаҳои замонавӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва парваришгоҳи зироати кишоварзӣ бунёд гардида, садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд», — иброз доштанд Пешвои миллат.

Ба таъкиди Сарвари давлат, сохтмони иншооти зикршуда тибқи нақша ва бо сатҳу сифати баланд анҷом ёфта, ба рушди сайёҳӣ дар ин мавзеъ ва болоравии шароити зиндагии аҳолӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Leave A Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *